Ҳодисаи фавқулодда дар Тавилдара

Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар минтақаи шарқи кишвар шомгоҳон якчанд шахсони мусаллаҳ тавассути посгоҳи «Сафедхок», ки дар наздикии пули болои рӯдхонаи Сурхоб воқеъ аст, кӯшиши ба маркази ноҳияи Тавилдара ворид шуданро карданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз маъмурияти маҳаллӣ иттилоъ дод.               Ба қавли сокинони маҳаллӣ, […]

root


Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар минтақаи шарқи кишвар шомгоҳон якчанд шахсони мусаллаҳ тавассути посгоҳи «Сафедхок», ки дар наздикии пули болои рӯдхонаи Сурхоб воқеъ аст, кӯшиши ба маркази ноҳияи Тавилдара ворид шуданро карданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз маъмурияти маҳаллӣ иттилоъ дод.

 






           

Ба қавли сокинони маҳаллӣ, дар наздикии посгоҳ ҳатто садои тирпарронӣ шунида шудааст. «Афроди номаълум дар панҷ автомашина мехостанд посгоҳро убур созанд, вале ба муқобилияти мусаллаҳона з ҷониби кормандони милиса дучор гардиданд», – гуфт яке аз шоҳидони ҳодиса, ки аз ифшои номаш худдорӣ варзид. Ба гуфтаи ӯ, якчанд нафар аз ин гурӯҳ захмӣ шуда, пас аз типарронии дуҷонибаи шадид ба онҳо муяссар шуд, ки худро паноҳ гиранд.




           

Дар ҳамин ҳол, дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин иттилоъро на рад месозанду на тасдиқ мекунанд. «Ман алҳол дар ин хусус чизе гуфта наметавонам», – гуфт дар сӯҳбат бо хабарнигори минтақавии ОИ «Азия-Плюс» муовини срдори шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Тавидара Исҳоқ Латипов.




           

Чанде аз соҳибони мошинҳо тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки чанде пештар шомгоҳон каме дуртар аз маҳалли ҳодиса дар наздикии деҳаи Чилдара ҳудуди 40 автомашина, ки ба ВМКБ равона буданд, ҷамъ шуданд. «Роҳ баста шуда буд, вале айни замон роҳ барои ҳаракати нақлиёт боз гардид», – гуфт яке аз ронандагон.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.