ВКХ ҶТ: Шаҳрвандони Тоҷикистон миёни осебдидагон аз бетартибиҳо дар вилояти Синтзян –Уйғури Чин ба қайд гирифта нашудаанд

            Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шаҳрвандони Тоҷикистон миёни осебдидагон аз бетартибиҳо дар вилояти Синтзян –Уйғури Чин ё худ Шинҷон ба қайд гирифта нашудаанд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти ВКХ ҶТ Давлат Назриев иттилоъ дод, вазорат доимо бо сафоратхонаи Тоҷикистон дар Чин дар тамос аст. «Тибқи маълумоти аз сафорат […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шаҳрвандони Тоҷикистон миёни осебдидагон аз бетартибиҳо дар вилояти Синтзян –Уйғури Чин ё худ Шинҷон ба қайд гирифта нашудаанд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти ВКХ ҶТ Давлат Назриев иттилоъ дод, вазорат доимо бо сафоратхонаи Тоҷикистон дар Чин дар тамос аст. «Тибқи маълумоти аз сафорат ба мо расида, миёни осебдидагон ва боздоштшудагон шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудаанд», – гуфт ӯ.




           

Дар ҳамин ҳол, соҳибкорони тоҷик муваққатан аз сафар ба Чин худдорӣ варзидаанд. Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» соҳибкори пойтахт Холмаҳмад Тӯраев, ки аз шаҳри Урумчӣ ба Тоҷикистон молу маҳсулот ворид месозад, гуфт, ӯ ва шариконаш бинобар тазоҳуроту бетартибиҳо дар Чин алҳол аз сафар ба ин кишвар даст кашидаанд. «Феълан барои молу маҳсулот мо ба Туркия меравем», – гуфт ӯ.




           

Тибқи иттилои расонаҳо хабарии ҷаҳон, чанде пештар дар вилояти Синтзян-Уйғури Чин соати комендантӣ ҷорӣ карда шудааст. Барои пешгирии такрори наашудани бетартибиҳо, гаштугузори сокинони маҳаллӣ дар кӯчаву хиёбонҳо аз соати 20-и шом то 8-и субҳ манъ карда шудааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.