Вохӯрии минтақавӣ оид ба баррасии масоили манъи минаҳои зиддипиёдагард дар Душанбе доир мегардад

Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вохӯрии минтақавӣ оид ба баррасии масоили манъи минаҳои зиддипиёдагард таҳти унвони «Конфронси Душанбе оид ба ноил гардидан ба озод кардани минтақаи Осиёи Марказӣ аз минаҳо» рӯзҳои 7-8-уми июл дар Душанбе доир мегардад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи Тоҷикистон дар ин чорабинӣ Бахтиёр Бекмуродов иттилоъ дод, конфронс дар […]

Амрита Қарғизова


Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вохӯрии минтақавӣ оид ба баррасии масоили манъи минаҳои зиддипиёдагард таҳти унвони «Конфронси Душанбе оид ба ноил гардидан ба озод кардани минтақаи Осиёи Марказӣ аз минаҳо» рӯзҳои 7-8-уми июл дар Душанбе доир мегардад.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи Тоҷикистон дар ин чорабинӣ Бахтиёр Бекмуродов иттилоъ дод, конфронс дар толори меҳмонхонаи Hyatt Regency баргузор шуда, дар кори он ҳайатҳои расмии Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат хоҳанд варзид. «Конфронси мазкур саввумин вохӯрии минтақавӣ дар пешорӯи Конфронси дуввуми шарҳи Конвенсияи манъи минаҳои зиддипиёдагард мебошад, ки ахири соли ҷорӣ дар Колумбия доир мегардад», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи Б.Бекмуродов, 80 дарсади кишварҳои ҷаҳон ба ин конвенсия ҳамроҳ шудаанд, вале то ҳанӯз Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон аз он дар каноранд ва дар конфронси Душанбе ба ин масъала низ таваҷҷӯҳ зоҳир хоҳад шуд. «Дар конфронс масъалаҳои марбут ба аз минаҳо поккорӣ кардани қаламрави минтақа, кӯмак ба ҷабрдидагон аз инфиҷори он ва роҳандозии ҳамкориҳо миёни кишварҳо дар ин самт баррасӣ мешаванд», – афзуд Бекмуродов.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.