Федератсияи иттифоқҳои касабаи кормандони ширкатҳои ҳавопаймоӣ табдили ном намуда, ба он раиси нав интихоб карда шуд

Date:



           

Душанбе. 2-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Федератсияи итттифоқҳои касабаи кормандони ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони ширкатҳои ҳавопаймоӣ табдили ном кард.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Шоқурбон Эсанов иттилоъ дод, чанде қабл дар ҷараёни баргузории конфронси таъсисотии иттифоқҳои касабаи кормандони шитркатҳои ҳавопаймоӣ чунин тасмим гирифта шуда, бинобар ба нафақа баромадан раиси иттифоқ Бегиҷон Шералиев аз вазифааш сабукдӯш гардид. «Иштирокдорони конфронс оинномаи нав, муқаррароти фаъолияти комиссияи тафтишотиро қабул карда, ҳайати нави раёсати кумитаро таъсис доданд ва Мамадқул Хушвақтовро, ки қаблан дар федератсияи иттифоқҳои касаба фаъолият дошт, раиси нави кумита интихоб карданд», – гуфт ӯ.




           

Номбурда афзуд, феълан 19 воҳидҳои иттифоқҳои касабаи идоравӣ дар ҳайати Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон амал мекунад. Айни замон 3 ҳазору 702 корманди ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон аъзои Кумитаи иттифоқҳои касаба мебошанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...