Дар Душанбе фурӯшгоҳҳои маҳсулоти ғизоӣ ва маводи сӯзишворӣ бо нархи арзон боз шуданд

            Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, шурӯъ аз имрӯз дар шҳри Душанбе нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ғизоӣ ва маводи сӯзишворӣ бо нархи нисбатан арзон ба кор шурӯъ мекунанд.             Чӣ тавре ки сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, қарори мазкур бо мақсади коҳиши […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, шурӯъ аз имрӯз дар шҳри Душанбе нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ғизоӣ ва маводи сӯзишворӣ бо нархи нисбатан арзон ба кор шурӯъ мекунанд.





           

Чӣ тавре ки сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, қарори мазкур бо мақсади коҳиши арзиши маҳсулоти асосии ғизоӣ ва маводи сӯзишворӣ ва инчунин назардошти муроҷиати Агентӣ оид ба захираҳои моддии назди ҳукумати ҶТ ба тасвиб расидааст. «Нуқтаҳои фурӯши орд, шакар, равғани рустанӣ ва дигар маҳсулоти ғизоӣ ва ҳамчунин бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар тамоми ноҳияҳои пойтахт то 30-юми декабри соли ҷорӣ фаъолият мекунанд», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи Ш.Саидов, раиси шаҳри Душанбе унвонии иҷлосияи маҷлиси вакилони халқи пойтахт пешниҳоде ирсол кардааст, ки дар он озод кардани ин нуқтаҳои фурӯш аз пардохти андоз аз фурӯши чакана ва иҷораи бино пешбинӣ мегардад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҳамоиши байналмилалии об дар Душанбе. Нақши ҷавонон дар ҳалли мушкилоти обу иқлим баррасӣ шуд

Дирӯз, 25-уми май дар Душанбе Ҳамоиши чоруми байналмилалии об, ки яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор аст,...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.