Ҳалокати мудири қабулгоҳи беморони Маркази саратоншиносӣ бар асари муноқиша

Date:



           

Душанбе. 30-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми рӯзи 27-уми июн дар маркази пойтахт миёни мудири шӯъбаи қабули беморони бинои 10-уми Маркази тиббии миллӣ Хуршед Бобокалонов ва кормандони милиса муноқиша рух дод. Тибқи фарзияи расмии ВКД ҶТ, Х.Бобокалонов «дар ҳолати мастӣ тртиботи ҷамъиятиро халалдор сохта, ба талаботи кормандони милиса аҳамияте надодааст». «Бо мақсади муайян намудани шахсият ва ҳолати мастии ӯ, кормандони милиса қарор медиҳанд, ки Х.Бобокалоновро ба шӯъба баранд, вале бо сабабҳои номаълум ӯ дар роҳ ба ҳалокат мерасад», – гуфтанд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.





           

Ба гуфтаи ҳамкорони табиби фавтида, ҳамон рӯз, яъне 27-уми июн Х.Бобокалонов пас аз машқи боди-билдинг дар толори варзишӣ ҳамсабақони солҳои донишҷӯиашро вохӯрда, ба тарабхона дар маркази шаҳр баҳри нӯшидани оби ҷав (пиво) мераванд. Пас аз хайрухуш Х.Бобокалонов ба Хонаи матбуот назди модараш раҳсипор мегардад ва дар роҳ ӯро кормандони милиса боздошт менамоянд. «Тибқи маълумоти ба мо расида, ҳудуди 15 нафар кормандони милиса зӯран мехоҳанд ӯро ба мошини милиса тела диҳанд ва дар роҳ ӯ ба ҳалокат мерасад», – гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» яке аз кормандони беморхона.




           

Ба қавли табибон, Х.Бобокалонов дар соҳаи худ яке аз пизишкони соҳибтаҷриба маҳсуб гардида, бо варзиш сарукор дошт, солим буд ва аз машрубот сӯиистеъмол намекард.




           

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи хешовандони марҳум, дар ҷисми фавтида доғҳои кабуд ба мушоҳида расидаанд. «Натиҷаҳои ташхис имрӯз маълум мешаванд», – гуфт яке аз хешони наздики Х.Бобокалонов.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...