С.Сафаров: Изҳороти Д.Медведев бобати истифодаи захоири оби минтақа роҳи дипломатии нодида гирифтани мушкилот аст

Душанбе. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров дар мавриди шарҳи изҳороти президенти Русия оид ба масъалаи истифодаи захоири оби минтақаи Осиёи Марказӣ чунин ибрози андеша намуд, ки он воситаи дипломатии нодида гирифтани мушкилот чизе беш нест. Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо мухбири ОИ «Азия-Плюс» номбурда изҳор дошт, […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров дар мавриди шарҳи изҳороти президенти Русия оид ба масъалаи истифодаи захоири оби минтақаи Осиёи Марказӣ чунин ибрози андеша намуд, ки он воситаи дипломатии нодида гирифтани мушкилот чизе беш нест.




Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо мухбири ОИ «Азия-Плюс» номбурда изҳор дошт, ки Русия дар роҳандозии муносиботи устувору мӯътадил бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ манфиатдор аст ва мушкилоти истифодаи захоири обӣ имрӯз дар минтақа мушкилоти калидӣ гаштаасту мавқеи Ӯзбекистон дар ҳалли масъалаи мазкур мухолифи Тоҷикистону Қирғизистон аст.



Ба гуфтаи ӯ, воқеъан мавқеи Тоҷикистону Қирғизистон мухолифи манфиатҳои Ӯзбекистону Қазоқистон нестанд ва ин ҷо дар навбати аввал манфиатҳои минтақаи Осиёи марказӣ дар маҷмӯъ ба назар гирифта мешавад. «Фикр мекунам, Иттиҳоди Аврупову Амрико тадриҷан ин манфиатҳоро ба хубӣ дарк намуда, ба ҳалли мушкилоти об дар минтақа бо шартҳои мутақобилан судманд таъсир хоҳанд расонд», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи С.Сафаров, набояд фаромӯш кард, ки дар минтақа Туркманистону Афғонистон низ ба миқдори зиёди захоири обӣ эҳтиёҷманданд ва бидуни ҳалли комплексии ин масъала ба чизе муваффақ гаштан дар ин самт ғайриимкон аст.



Ёдовар мешавем, зимни боздиди расмӣ аз Ӯзбекистон президенти Русия Д.Медведев бо ишора ба мушкилоти оби минтақа изҳор дошт, ки «иншооти гидроэнергетикӣ бояд бо назардошти манофеъи ҳамаи кишварҳои минтақа бунёд гарданд ва агар ба чунин тасмим ҳама ҷонибҳо мувофиқ набошанд, Русия аз ширкат дар сохтмони чунин иншоот худдорӣ мекунад».



Дар ҳамин ҳол, дар ҷараёни боздиди расмӣ аз Тоҷикистон моҳи августи соли гузашта Д.Медведев изҳор дошта буд, ки Русия ният дорад, дар бунёди иншооти бузургтарини гидроэнергетики минтақа – нерӯгоҳи Роғун иштирок намояд ва чунин нияти Русияро чанде баъдтар роҳбари маъмурияти президенти Русия Сергей Наришкин, ки ба Душанбе омада буд, низ тасдиқ кард, аммо он замон дар бораи аз ҷониби Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа мувофиқасозии ин лоиҳа сухан намерафт.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.