Намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар Суғд умедвори ба таври шаффоф доир гардидани интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ мебошанд

Date:



           

Душанбе. 3-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар дафтари саҳроии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии роҳбари Дафтари САҲА дар ҶТ Владимир Пряхин ва мушовири сиёсии созмон Франк Йохансен бо намояндагони аҳзоби сиёсии вилояти Суғд ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ баргузор шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дфтари САҲА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар вохӯрии бахшида ба анҷоми ваколати Владимир

 

Пряхин ба сифати сафири САҲА дар ҶТ роҳбарон ва намояндагони шӯъбаҳои ҲДТ, ҲСДТ, ҲХДТ, ҲНИТ, ҲКТ ва ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҷомеаи шаҳрвандӣ» ширкат варзиданд. Дар суханронии худ В.Пряхин изҳор дошт, ки бо муроҷиати муштараки шӯъбаҳои аҳзоби сиёсии вилоят ба президенти кишвар ҷиҳати ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихобот ба МН МО ҶТ» шинос шудааст.




           

Намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба як қатор норсаоиҳо дар қонуни мазкур, аз ҷумла, маблағи гаравпулии зиёд барои иштирок дар ин маъракаи сиёсӣ изҳори нигаронӣ карданд. Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон қайд кардааст, ки ташаббуси мазкур гувоҳи фаъолияти пурсамари шӯъбаҳои вилоятии ҳизбҳо мебошад ва ба таъмини баробарҳуқуқӣ дар интихобот равона гардидааст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...