СММ аз кишварҳои мададрасон барои Тоҷикистон ба маблағи 1,3 млн. $ кӯмак дархост мекунад

Душанбе. 3-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Идораи СММ оид ба ҳамоҳангсозии масоили гуманитарӣ ба кишварҳову созмонҳои мададрасон бори дигар аз вазъи душвори Тоҷикистон ёдовар шуд. Дар гузориши маркази иттилооти СММ гуфта мешавад, бар асари боронҳои шадиди давомнок, обхезӣ ва фаромадани лойқаву ярч аз 58 ноҳияи кишвар сокинони 40 ноҳия осеб диданд. Зикр мегардад, ки то […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 3-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Идораи СММ оид ба ҳамоҳангсозии масоили гуманитарӣ ба кишварҳову созмонҳои мададрасон бори дигар аз вазъи душвори Тоҷикистон ёдовар шуд. Дар гузориши маркази иттилооти СММ гуфта мешавад, бар асари боронҳои шадиди давомнок, обхезӣ ва фаромадани лойқаву ярч аз 58 ноҳияи кишвар сокинони 40 ноҳия осеб диданд.




Зикр мегардад, ки то ҳанӯз 12 ҳазор нафар осебдидагон ба кӯмаки таъҷилӣ ниёз доранд ва мушкилоти асосии сокинони иқоматгоҳҳои муваққатӣ дар хаймаҳо норасоии оби нӯшокӣ аст. «Агентиҳои гуманитарии дар Тоҷикистон фаъолиятдошта аз созмонҳову кишварҳои мададрасон даъват мекунанд, ки баҳри кӯмак ба Тоҷикистон 1,3 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо созанд», – изҳор доштааст сухангӯи СММ Мишел Монтас.



Дар гузориш хотиррасон карда мешавад, ки СММ барои харидории хаймаҳои истиқоматӣ, маводи сӯзишворӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ ба Тоҷикистон 120 ҳазор доллар маблағ ҷудо кард.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.