Намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар Суғд умедвори ба таври шаффоф доир гардидани интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ мебошанд

            Душанбе. 3-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар дафтари саҳроии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии роҳбари Дафтари САҲА дар ҶТ Владимир Пряхин ва мушовири сиёсии созмон Франк Йохансен бо намояндагони аҳзоби сиёсии вилояти Суғд ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ баргузор шуд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дфтари САҲА дар Тоҷикистон […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 3-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар дафтари саҳроии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии роҳбари Дафтари САҲА дар ҶТ Владимир Пряхин ва мушовири сиёсии созмон Франк Йохансен бо намояндагони аҳзоби сиёсии вилояти Суғд ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ баргузор шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дфтари САҲА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар вохӯрии бахшида ба анҷоми ваколати Владимир

 

Пряхин ба сифати сафири САҲА дар ҶТ роҳбарон ва намояндагони шӯъбаҳои ҲДТ, ҲСДТ, ҲХДТ, ҲНИТ, ҲКТ ва ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҷомеаи шаҳрвандӣ» ширкат варзиданд. Дар суханронии худ В.Пряхин изҳор дошт, ки бо муроҷиати муштараки шӯъбаҳои аҳзоби сиёсии вилоят ба президенти кишвар ҷиҳати ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихобот ба МН МО ҶТ» шинос шудааст.




           

Намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба як қатор норсаоиҳо дар қонуни мазкур, аз ҷумла, маблағи гаравпулии зиёд барои иштирок дар ин маъракаи сиёсӣ изҳори нигаронӣ карданд. Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон қайд кардааст, ки ташаббуси мазкур гувоҳи фаъолияти пурсамари шӯъбаҳои вилоятии ҳизбҳо мебошад ва ба таъмини баробарҳуқуқӣ дар интихобот равона гардидааст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.