САҲА ҷиҳати расонидани кӯмаки машваратӣ баҳри таҳияи лоиҳаи нави қонун «Дар бораи забон» дар Тоҷикистон омода аст

            Душанбе. 3-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ Комиссари Олии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо оид ба умури аққалиятҳои миллӣ Кнут Воллебекро ба ҳузур пазируфт.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҶТ иттилоъ доданд, Ҳ.Зарифӣ изҳор доштааст, ки қонунгузории ҷории кишвар […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 3-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ Комиссари Олии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо оид ба умури аққалиятҳои миллӣ Кнут Воллебекро ба ҳузур пазируфт.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҶТ иттилоъ доданд, Ҳ.Зарифӣ изҳор доштааст, ки қонунгузории ҷории кишвар ба намояндагони аққалиятҳои миллӣ интихоби озоди забони муошират, дастрасӣ ба маълумот, гирифтани иттилоот бо забони модарӣ ва озодии мазҳабро кафолат медиҳад.




           

Зимни мулоқот масоили марбут ба такмили Қонуни ҶТ «Дар бораи забон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар ин робита Ҳ.Зарифӣ зикр кард, ки қонуни амалкунанда дар замони шӯравӣ бо назардошти воқеияти он давра ба тасвиб расидааст ва феълан ҷаобгӯи талаботи имрӯза нест. «Бинобар ин гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи нави қонуни мазкур созмон дода шуда, дар он мутобиқгардонии муқаррароти қонун ба шароити имрӯза пешбинӣ мешавад», – гуфт ӯ.




           

Комиссари Олии САҲА нияти идомаи ҳамкории дуҷонибаи муштарак дар татбиқи лоиҳаҳои созмонро баён дошта, зикр кард, ки САҲА ҷиҳати расонидани кӯмаки машваратӣ баҳри таҳияи лоиҳаи нави қонун «Дар бораи забон» дар Тоҷикистон омода аст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.