Танҳо 31,7 дарсади муҳоҷирони тоҷик сабаби бозгашт ба ватанро ба бӯҳрони молӣ марбут медонанд

Date:



           

Душанбе. 14-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пеш вазири меҳнати ҶТ Шукурҷон Зуҳуров дар ҷараёни мулоқоти мақомоти раҳбарии бахши иқтисодиву иҷтимоии ҳукумати ҶТ бо намояндагони созмонҳои мададрасон изҳор дошт, ки танҳо беш аз 30 дарсади муҳоҷирони меҳнатии аз ҷониби ин вазорат пурсидашуда бозгашт ба ватанро ба бӯҳрони молӣ марбут донистаанд.





           

Ба қавли Ш.Зуҳуров, чанд рӯзе қабл мақомоти дахлдори вазорат миёни 6 ҳазор муҳоҷири меҳнатии ба ватан баргашта назарсанҷӣ гузаронидаанд ва танҳо 31,7 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки бар асари бӯҳрони молӣ дар хориҷи кишвар аз ҷойи корӣ маҳрум шудааанд. «Аз ин шумор 22,6 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки пас аз хориҷ шудан аз ҷойи кори пештара дигар кор пайдо накарда, 9,1 дарсади пурсидашудагони боқимонда дар посухҳои худ чунин изҳори назар кардаанд, ки пас аз дар муддати се моҳ напардохтани музди меҳнат кишвари хориҷиро тарк кардаанд», – гуфт ӯ.




           

Ш.Зуҳуров афзуд, 68,3 дарсади пурсидашудагон чунин посух додаанд, ки аз кор барои мувофиқи ихтсиос кор накардан ё қобилияти касбии заруриро доро набудан аз кор ронда шудаанд.


 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...