Танҳо 31,7 дарсади муҳоҷирони тоҷик сабаби бозгашт ба ватанро ба бӯҳрони молӣ марбут медонанд

            Душанбе. 14-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пеш вазири меҳнати ҶТ Шукурҷон Зуҳуров дар ҷараёни мулоқоти мақомоти раҳбарии бахши иқтисодиву иҷтимоии ҳукумати ҶТ бо намояндагони созмонҳои мададрасон изҳор дошт, ки танҳо беш аз 30 дарсади муҳоҷирони меҳнатии аз ҷониби ин вазорат пурсидашуда бозгашт ба ватанро ба бӯҳрони молӣ марбут донистаанд.             Ба қавли Ш.Зуҳуров, […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 14-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пеш вазири меҳнати ҶТ Шукурҷон Зуҳуров дар ҷараёни мулоқоти мақомоти раҳбарии бахши иқтисодиву иҷтимоии ҳукумати ҶТ бо намояндагони созмонҳои мададрасон изҳор дошт, ки танҳо беш аз 30 дарсади муҳоҷирони меҳнатии аз ҷониби ин вазорат пурсидашуда бозгашт ба ватанро ба бӯҳрони молӣ марбут донистаанд.





           

Ба қавли Ш.Зуҳуров, чанд рӯзе қабл мақомоти дахлдори вазорат миёни 6 ҳазор муҳоҷири меҳнатии ба ватан баргашта назарсанҷӣ гузаронидаанд ва танҳо 31,7 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки бар асари бӯҳрони молӣ дар хориҷи кишвар аз ҷойи корӣ маҳрум шудааанд. «Аз ин шумор 22,6 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки пас аз хориҷ шудан аз ҷойи кори пештара дигар кор пайдо накарда, 9,1 дарсади пурсидашудагони боқимонда дар посухҳои худ чунин изҳори назар кардаанд, ки пас аз дар муддати се моҳ напардохтани музди меҳнат кишвари хориҷиро тарк кардаанд», – гуфт ӯ.




           

Ш.Зуҳуров афзуд, 68,3 дарсади пурсидашудагон чунин посух додаанд, ки аз кор барои мувофиқи ихтсиос кор накардан ё қобилияти касбии заруриро доро набудан аз кор ронда шудаанд.


 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасониро ба мусофирон ва афзоши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.