Додгоҳи Олии Тоҷикистон ду нафар шаҳрванди Афғонистонро ба 24 соли зиндон маҳкум кард

Душанбе. 8-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Додгоҳи Олии Тоҷикистон ду нафар шаҳрванди Афғонистонро ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддиру силоҳ ва убури ғайриқонунии марзи давлатӣ гунаҳкор дониста, ҳар кадомеро ба 24 соли зиндон маҳкум кард. Чӣ тавре ки аз Додгоҳи Олии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, шаҳрвандони Афғонистон – Хайриддин валади Сулаймон […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 8-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Додгоҳи Олии Тоҷикистон ду нафар шаҳрванди Афғонистонро ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддиру силоҳ ва убури ғайриқонунии марзи давлатӣ гунаҳкор дониста, ҳар кадомеро ба 24 соли зиндон маҳкум кард.




Чӣ тавре ки аз Додгоҳи Олии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, шаҳрвандони Афғонистон – Хайриддин валади Сулаймон ва Назир валади Имомназар охирҳои соли гузашта дар ноҳияи наздисарҳадии Шӯрообод боздошт гардида буданд.



Ба иттилои манбаъ, ҳангоми боздошт аз онҳо ҳудуди 30 кило маводи мухаддири каннабис, 48 кило ҳашиш, 6 кило ҳероин, силоҳи оташфишон ва муҳимот барои он дарёфт ва мусодира карда шуда буд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.