Украина бо Тоҷикистон дар мавриди табодули муҳоҷирони ғайриқонунӣ тавофуқ ҳосил карданист

            Душанбе. 7-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Украина бо Тоҷикистон, Қирғизистон ва Италия дар мавриди табодули муҳоҷирони ғайриқонунӣ (реадмиссия) тавофуқ ҳосил карданист. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ муовини вазири умури дохилии Украина Василий Мармазов хабар додааст.             Тибқи иттилои хабаргузории «Українські новини», Украина бо Италия дар робита ба ин масъала дар марҳилаи аввали таҳияи […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 7-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Украина бо Тоҷикистон, Қирғизистон ва Италия дар мавриди табодули муҳоҷирони ғайриқонунӣ (реадмиссия) тавофуқ ҳосил карданист. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ муовини вазири умури дохилии Украина Василий Мармазов хабар додааст.




           


Тибқи иттилои хабаргузории «Українські новини», Украина бо Италия дар робита ба ин масъала дар марҳилаи аввали таҳияи асноди марбута қарор дошта, феълан машваратҳо доир мегарданд. «Бо Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз раванди гуфтушунид идома дорад», – омадааст дар иттилои хабаргузорӣ.




           

Мармазов ҳамчунин гуфтааст, гуфтушунидҳо роҷеъ ба ин масъала бо Арманистону Лубнон ба марҳилаи ниҳоӣ расидаанд. «Феълан Украина дар бораи табодули муҳоҷирони ғайриқонунӣ бо 15 кишвари дунё тавофуқ ҳосил кардааст, ки асосан давлатҳои узви ИДМ мебошанд», – афзудааст номбурда.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.