Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки механизми «Равзанаи ягона» ҳарчи зудтар фаъол гардонда шавад.

Душанбе. 4-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд. Дар машварат натиҷаҳои чормоҳаи рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, рафти иҷрои буҷети давлатӣ, вусъат додани корҳои созандагӣ ва дигар масоили ҳалталаб баррасӣ шуд.   Зикр гардид, […]

root


Душанбе. 4-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.




Дар машварат натиҷаҳои чормоҳаи рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, рафти иҷрои буҷети давлатӣ, вусъат додани корҳои созандагӣ ва дигар масоили ҳалталаб баррасӣ шуд.

 




Зикр гардид, ки буҷети давлатӣ дар 4 моҳи соли равон ба ҳадди 91% иҷро шуд ва афзоиши ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра 3,6% – ро ташкил дод. Таваррум бо ҳисоби пешакӣ дар ҳаҷми 1,3 – 1,4% ба қайд гирифта шудааст.

 




Сарвари давлат ба масъулини бахши иқтисодиёти Ҳукумати мамлакат оид ба таъмини даромади буҷети давлатӣ, маблағгузории саривақтии соҳаҳои буҷетӣ ва пардохти маошу нафақа дастуру супоришҳои қатъӣ дод.



Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба муҳайё намудани фазои мусоиди рушди иқтисодӣ ва дастгирии соҳибкории хусусӣ дастур дод, ки механизми «Равзанаи ягона» ҳарчи зудтар фаъол гардонда шавад.



Таваҷҷӯҳи махсус ба таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат зоҳир гардид.




 


          


 

Аз ҷумла дастур дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳҳои обии Сангтӯда – 1 ва Сангтӯда – 2, оғози сохтмони нерӯгоҳи Нуробод-1 ва Маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва ҳамчунин бунёди 50 нерӯгоҳи хурди обӣ тезонда шаванд.



Сарвари давлат дар робита ба гузаштан ба фурӯзандаҳои каммасраф иттилоъ дод, ки барои таъмини 241 ҳазор оилаи камбизоат 16 миллион сомонӣ аз ҳисоби Ҳукумати мамлакат ҷудо карда шуд ва ҳамзамон соҳибкорону тоҷирони соҳибимкони кишварро даъват намуд, ки дар ин кор саҳмгузор бошанд ва ба аҳолии камбизоат дар харидории фурӯзандаҳои каммасраф дасти кӯмак дароз намоянд.



Роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки оид ба кам кардани сафарҳои хизматӣ, дигар хароҷоти идорӣ ва сарфаю сариштакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ тадбирҳои судбахш андешанд.

  




Таъкид гардид, ки тамоми чорабиниҳои идонаю оммавӣ ва конфронсу семинарҳо низ бояд бе хароҷоти зиёд гузаронда шаванд.



Ба Вазири маориф дастур дода шуд, иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба интихоби хатмкунандагони болаёқати мактабҳои миёна барои дар хориҷа хонондан ва ҳамчунин дар бораи истифодаи телефонҳои мобилӣ аз ҷониби хонандагону донишҷӯён ва ба тартиби муайяншуда гузарондани маросими хатми соли таҳсил таъмин намояд.

 




Ба Ҳукумати мамлакат дастур дода шуд, ки ба ҳар як собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар арафаи 9 – уми май 350 сомонӣ кӯмаки яквақтаи пулӣ ҷудо карда шавад.



Ҳамчунин дастур дода шуд, ки рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.




 




 


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.