Рӯзҳои ид дар Душанбе беш аз 7 кило ҳероин мусодира гардид

Date:


Душанбе. 4-уми май. ОИ «Азя-Плюс» – Рӯзи 1-уми майи соли ҷорӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар бозори «Корвон» сокини 25-солаи пойтахт Х.С.-ро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намуданд.




Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз агентии мазкур, ҳангоми азназаргузаронии шахсии боздоштшуда аз ӯ бастаи селофанӣ бо ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд. «Баъдтар аз манзили зисти сокини 42-солаи пойтахт Л.Б., ки ӯ низ дар ин кор даст дошт, боз 7 килову


650 грамм

ҳероин дарёфт ва мусодира гардид», – гуфт манбаъ.



Бино ба иттилои манбаъ, маводи мухаддири мусодирашуда барои интиқол ба хориҷи кишвар пешбинӣ гардида, ду нафари дастдошта дар ин ҷиноят ба ҳабс гирифта шудаанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...