ТАЛКО аз истифодаи низоми толлингӣ даст кашиданист, вале ҳукумат муқобили он аст

            Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – «Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ба ҳукумат пешниҳод сохт, ки тарзи фаъолияти корхонаро тағйир доданист ва ният дорад, аз истифодаи низоми толлингӣ даст кашад, аммо ҳукумат муқобили он аст», – изҳор дошт дар ҷамъи рӯзноманигорон муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Амонулло Ашӯр.             Муовини аввали вазир […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – «Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ба ҳукумат пешниҳод сохт, ки тарзи фаъолияти корхонаро тағйир доданист ва ният дорад, аз истифодаи низоми толлингӣ даст кашад, аммо ҳукумат муқобили он аст», – изҳор дошт дар ҷамъи рӯзноманигорон муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Амонулло Ашӯр.





           

Муовини аввали вазир гуфт, дар сурати даст кашидан аз низоми мазкур, ҳаҷми воридоти гилхок коҳиш ёфта, истеҳсоли алюминии аввалия метавонад то 260-300 ҳазор тонна поин равад. «Чун истеҳсоли алюминий 3,8 дарсади ММД ва 38-40 дарсади ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишварро ташкил медиҳад, ҳукумат ин пешниҳодро пазируфта наметавонад», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи А.Ашӯр, ҳукумат дар андешаи бознигарии тарофаҳои интиқоли гилхок ва ҷалби сармоягузорӣ ба истеҳсоли моддаҳои дар таркиби гилхок мавҷудбуда машғул аст. «Мо дар водиҳои Рашту Ҳисор ва Зарафшон беш аз 100 ҳазор тонна захираҳои гилхок дорем», – бо боварӣ мегӯяд ӯ.




           

Амонулло Ашӯр таъкид сохт, ки мебояд сари масъалаи таъмини истеҳсолкунандагони ватанӣ бо ашёи хоми алюминий чораҳои ҷиддӣ андешид, зеро дар кишвар аз маҳсулоти алюминий беш аз 13 корхона истифода мебаранд ва феълан бар асари камбуди ашё корхонаҳои «Регаркабел», Тоҷиккабел», «Чароғ» ва ҳудуди 5 корхона дар вилояти Суғд аз фаъолият бозмондаанд.




           

Муовини аввали вазир афзуд, рӯзҳои наздик вазорат ҷиҳати дастгирӣ аз мавқеихуд ба ҳукумати кишвар пешниҳодот ирсол хоҳад дошт.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.