Душанбе. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар солҳои истиқлолияти То
ҷ
икистон дар кишвар 710 мактаби нави таҳсилоти умум
ӣ
сохта, ба истифода дода шуд. Танҳо соли 2008
34 мактаби таҳсилоти ҳамагон
ӣ
аз таъмир бароварда шуда, дар назди 77
– тои дигар 310 синфхонаи иловаг
ӣ
бунёд ёфт.
Бо ҳидояти Президенти
Ҷ
умҳурии То
ҷ
икистон Эмомал
ӣ
Раҳмон барои дар хори
ҷ
а хонондани беҳтарин хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагон
ӣ
ва литсею гимназияҳо фонди махсус таъсис дода шудааст, ки ҳа
ҷ
ми маблағҳои он дар соли 2009 нисбат ба соли 2008 ду баробар афзуда, ба 5 миллион сомон
ӣ
мерасад.
Ғайр аз ин дар 10 кишвари
ҷ
аҳон дониш
ҷ
ӯ
ёни беҳтарини то
ҷ
ик бо бурсияҳои худи ин давлатҳо ба таври ройгон таҳсили илм мекунанд.
Маблағгузории соҳаи маориф аз 1,5 миллион сомонии соли 1995 дар соли 2008 аз ҳамаи манбаъҳо ба 690 миллион сомон
ӣ
расид ва соли оянда барои эҳтиё
ҷ
оти ин соҳа сарфи 1 миллиарду 140 миллион сомон
ӣ
ба нақша гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли 1995
33 маротиба зиёд аст. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.
Ёдрас мекунем, ки феълан дар Тоҷикистон 3 ҳазору 810 мактаби таҳсилоти умумӣ амал мекунад.


