Фавти рӯзноманигор Баҳром Маннонов

            Душанбе. 17-уми январ – Дирӯз дар шаҳри Душанбе дар синни 62-солагӣ хабарнигори оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» Баҳром Маннонов аз олам даргузашт.             Дар ОИ «Азия-Плюс» Баҳром Маннонв аз моҳи марти соли 2002 ба фаъолият шурӯъ кард ва дар муддати кӯтоҳе миёни ҳамкорону хонандагон соҳиби обрӯву эътибор гашт, зеро ростқавливу меҳнатдӯстӣ ва дақиқкориро сармашқи пешаи хеш […]

ОИ «Азия-Плюс»



           

Душанбе. 17-уми январ – Дирӯз дар шаҳри Душанбе дар синни 62-солагӣ хабарнигори оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» Баҳром Маннонов аз олам даргузашт.





           

Дар ОИ «Азия-Плюс» Баҳром Маннонв аз моҳи марти соли 2002 ба фаъолият шурӯъ кард ва дар муддати кӯтоҳе миёни ҳамкорону хонандагон соҳиби обрӯву эътибор гашт, зеро ростқавливу меҳнатдӯстӣ ва дақиқкориро сармашқи пешаи хеш қарор дода буд. Ҳангоме сухан дар бораи иҷрои вазифаи пурмасъуле мерафт, қабл аз ҳама ӯро ба хотир меовардем.




           

Аксаран рӯзноманигоронро сангдил мехонанд, вале ҳеҷ кас чунин хислатро ба Баҳром Маннонов нисбат дода наметавонист. Ӯ дӯсти ҳақиқӣ ва ҳамеша омодаи кӯмак буд.




           

Баҳром Маннонови азиз! Ҷойи Шумо акнун холист! Дар қатори оила ва хешону наздикони Шумо кормандони оҷонсӣ сахт андӯҳгинанд.




           

Маросими ҷанозаи марҳум имрӯз дар зодгоҳи ӯ – шаҳри Конибодом доир мегардад.


Б. Маннонов соли 1970 факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, аз соли 1970 то соли 1976 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст. Пас аз он то соли 1978 дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 2-и шаҳри Конибодом ба пешаи омӯзгорӣ машғул буд. Тайи солҳои 1978-1980 ба ҳайси методисти шӯъбаи маорифи шаҳри Конибодом ифои вазифа намудааст. Аз соли 1980 то соли 1991 роҳбари низомии техникуми ба номи А.Қаҳҳорови шаҳри Конибодом буд. Дар давраи солҳои 1991 то соли 1995 дар мактаби рақами 2-и шаҳри Конибодом вазифаи директори мактабро ба ӯҳда дошт. Аз соли 1995 то соли 2002 ба сифати мушовир ва ёвари президенти Ҷамъияти саҳомии «Бодом» машғули кор буд.






 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер