Бо сармояи Қатар дар Тоҷикистон калонтарин масҷиди ҷомеъ дар Осиёи Марказӣ ва як меҳмонхона сохта мешавад

Душанбе. 17-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири ҳамкории байнулмилалии давлати Қатар Холид ибни Муҳаммад ал-Атия ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар дар ҳоли густариши рӯзафзун қарор дошта, торафт таҳким меёбанд ва муносиботи сарварони кишварҳоро метавон чун бародарона арзёбӣ намуд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 17-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири ҳамкории байнулмилалии давлати Қатар Холид ибни Муҳаммад ал-Атия ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар дар ҳоли густариши рӯзафзун қарор дошта, торафт таҳким меёбанд ва муносиботи сарварони кишварҳоро метавон чун бародарона арзёбӣ намуд.




Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни мулоқот масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ҷалби сармоягузории Қатар ба иқтисоди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.



Вазири ҳамкории байнулмилалии Қатар зикр кард, ки Қатар ният дорад дар Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои сармоягузориро амалӣ созад. «Кишвари мо ният дорад, дар Тоҷикистон масҷид ва меҳмонхонаи бузургтарин дар қаламрави Осиёи Марказиро бунёд сохта, инчунин як қатор лоиҳаҳои сохтмониро татбиқ намояд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки то ҳанӯз ҳаҷми маблағгузориҳо ба ин лоиҳаҳо муайян карда нашудаанд, зеро феълан асноди марбут ба лоиҳаҳо дар ҳоли омӯзиш қарор дошта, пас аз 2-3 моҳ тамоми ҷузъиёти он маълум хоҳад шуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.