Хуҷанд 16-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Хоҷагиҳои пахтакори вилояти Суғд аз бонкҳо, сармоягузорон ва буҷа 81 млн. сомонӣ қарздор шудаанд, вале пардохти онро мавқуф мегузоранд.
Тавре мудири шӯъбаи иттилооти иқтисодӣ ва омори шӯъбаи Бонки миллӣ дар шаҳри Хуҷанд Иномҷон Ҳоҷибоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, соли сипаригашта хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Суғд аз сарчашмаҳои зикргардида ба маблағи умумии 92,4 млн. сомонӣ, аз ҷумла 29 млн. сомонӣ аз буҷа ва 48 млн. сомонӣ аз сармоягузорон қарз гирифтаанд.
Ба иттилои манбаъ, пахтакорони вилояти Суғд соли гузашта бо 8 бонк сарукор дошта, бо 9 сармоягузор шартнома ба имзо расонидаанд.


