Кӯлоб. 16-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли ҷорӣ қисми даромади буҷаи шаҳри Кӯлоб дар ҳаҷми умумии 14 млн. 975 ҳазору 412 сомонӣ тасдиқ гардида, қисми хароҷоти он бо назардошти воридоти маблағҳо аз буҷаи ҷумҳуриявӣ 27 млн. 441 ҳазору 32 сомониро ташкил хоҳад дод, ки он дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои соли 2008 мутаносибан ба андозаи 65 ва 47 дарсад зиёдтар буда, гувоҳи афзалиятнокии самти иҷтимоии буҷа аст.
Тавре сардори раёсати молияи ҳукумати шаҳр Бахтиёр Назаров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, соли ҷорӣ ба соҳаи маориф 15 млн. 348 ҳазору 244 сомонӣ ё худ 56 дарсад зиёдтар маблағ нисбат ба соли гузашта ҷудо карда мешавад. «Ба соҳаи тандурустӣ 5 млн. 650 ҳазору 130 сомонӣ (20 дарсад бештар нисбат ба соли 2008) ихтисос дода шуда, бори нахуст маблағгузорӣ барои рушди фарҳанг ба нишондиҳандаи миллион сомонӣ наздик мешавад», – гуфт ӯ.
Б.Назаров ҳамчунин афзуд, ки ба соҳаи сохтмон ба таври иловагӣ 1 млн. 250 ҳазор сомонӣ ва рушди нақлиёти заминӣ ва коммуникатсия 450 ҳазор сомонӣ маблағ равона мегардад.


