Прокуратураи генералии ҶТ: Полковники милиса С. Пировро куштанд

Душанбе. 12 апрел. «Азия-Плюс» – | Аз рӯи далели марги раҳбари идораи амнияти дохилии вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, палковник Сайдулло Пиров тибқи банди 104-уми Кодекси ҷиноӣ (куштор) парванда боз шудааст, дар ин бора муовини аввали додситони кулли кишвар Абдуқодир Муҳамадиев, зимни нишасти матбуотӣ, ки рӯзи сешанбе,12 апрел баргузор гашт, хабар дод. «Тафтишоти ин парванда идома […]

Наргис Ҳамрабоева

Душанбе. 12 апрел. «Азия-Плюс» – | Аз рӯи далели марги раҳбари идораи амнияти дохилии вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, палковник Сайдулло Пиров тибқи банди 104-уми Кодекси ҷиноӣ (куштор) парванда боз шудааст, дар ин бора муовини аввали додситони кулли кишвар Абдуқодир Муҳамадиев, зимни нишасти матбуотӣ, ки рӯзи сешанбе,12 апрел баргузор гашт, хабар дод.

«Тафтишоти ин парванда идома дорад ва иттилои пурра пас аз анҷоми тафтишот ба ВАО хабар дода мешавад», илова намуд ӯ.

Ёдрас мекунем, ки ҷасади полковник таърихи 5 феврали соли равон дар утоқи меҳмонхонаи «Тавҳид»-и шаҳри Хуҷанд, пайдо карда шуд. С. Пиров бо сафари корӣ дар Хуҷанд қарор дошт. Қаблан дар мавриди марги ӯ фарзияҳои мухталиф – аз худкушӣ то сактаи қалб – оварда мешуд.

C.Пиров 19 марти соли 1950 ба дунё омад. Шуруъ аз соли 1979 дар хизмати мақомоти корҳои дохила қарор дошт. Фаъолияташро дар дастгоҳи марказии ВКД ҶТ аз соли 1994 шурӯъ кард. Ба вазифаи ахири худ соли 2009-ум таъин карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон