Дар Точикистон чемпионати бозиҳои футбол оғоз мешавад

Душанбе. 13 апрел. «Азия-Плюс» – | Чемпионати бистуми бозиҳои футбол миёни Лигаи олии ҷумҳурӣ имрӯз ифтитоҳ мешавад. Тавре намояндаи Федератсияи футболи Тоҷикистон Раҳмон Муртазоев ба «АП» хабар дод, дар мусобиқа 11 даста, аз ҷумла ғолибони соли гузаштаи кишвар: тими «Истиқлол» (Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Хайр» (Ваҳдат), «Хуҷанд» (Хуҷанд), ССКА «Помир» (Душанбе), «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров), […]

Валентина Кондрашова

Душанбе. 13 апрел. «Азия-Плюс» – | Чемпионати бистуми бозиҳои футбол миёни Лигаи олии ҷумҳурӣ имрӯз ифтитоҳ мешавад.

Тавре намояндаи Федератсияи футболи Тоҷикистон Раҳмон Муртазоев ба «АП» хабар дод, дар мусобиқа 11 даста, аз ҷумла ғолибони соли гузаштаи кишвар: тими «Истиқлол» (Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Хайр» (Ваҳдат), «Хуҷанд» (Хуҷанд), ССКА «Помир» (Душанбе), «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров), «Шодмон» (Ҳисор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва ду дастаи Душанбе «Энергетик» ва «Гвардия» ҳунарнамоӣ мекунанд. Мусобиқа дар чор давр баргузор мегардад ва то рӯзи 15  ноябр идома хоҳад ёфт.  Имрӯз даври аввали мусобиқа бо бозӣ миёни дастаҳои «Равшан» ва «Вахш» дар майдони варзишии шаҳри Кӯлоб,  «Шодмон» ва «Регар -ТадАЗ» дар майдони «Автомобилист»-и пойтахт  оғоз мешавад.

Инчунин дар майдони марказии шаҳри Душанбе  дастаи «Истиқлол» ва «Энергетика» қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Фардо, рӯзи 14 апрел, дар майдони варзишии шаҳри Ваҳдат бозӣ миёни тими «Хайр» ва «Хӯҷанд», ва ССКА «Помир»-у «Парвоз» баргузор хоҳад гашт.

Тамоми бозиҳо соати 16 оғоз мешаванд. Даври дуввуми чемпионати Лигаи олӣ 16 апрел ифтитоҳ  хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.