Маҳдудияти барқ дар пойтахти Тоҷикистон лағв мешавад

Date:

Душанбе. 15 апрел. «Азия-Плюс» – | Бинобар афзиоши маҷрои дарёи Вахш ва зиёдшавии об дар обанбори Норак имруз дар пойтахти Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ лағв карда мешавад.

Шурӯъ аз 24 март дар пойтахти Тоҷикистон дар интиқоли қувваи барқ маҳдудият ворид карда шуд. Сокинони шаҳри Душанбе аз саоти 23  шом то 5 субҳ аз барқ маҳрум буданд, дар дигар манотиқи кишвар «барқ» танҳо ду соат дода мешуд.

Тавре ба «АП» раҳбари дафтари матбуотии ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, шуруъ аз имруз, 15 апрел, дар тамоми манотиқи кишвар барқ рӯзона аз соати 5 то 10 ва шомгоҳон аз соати 17 то 22 дода мешавад.

Ба иттилои Ёдгори маҷрои рӯди Вахш имруз ба 450  мукааб дар як сония расид. «Дар сурати зиёдшавии маҷрои об то 550-600 мукааб дар як сония маҳдудият дар кишвар пурра бардошта мешавад»,- афзуд намояндаи ширкати «Барқи тоҷик».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...