Нооромӣ дар Рашт: чанд нафар кушта шуданд

Душанбе. 15 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар шарқи Тоҷикистон, дар мавзеи Болошаҳри ноҳияи Рашт, таърихи 14 апрел, миёни нерӯҳои давлатӣ ва афроди ношиноси мусаллаҳ даргирӣ ба вуқӯъ пайваст, хабар медиҳад манбаъ дар яке аз мақомотҳои қудратӣ.  «Дар натиҷаи задухурд 3  корманди ВКД ва 1 тан корманди ниҳоди махсус кушта шуданд», иттилоъ дод манбаъ. Ҷангҷӯён аз […]

Asia-Plus

Душанбе. 15 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар шарқи Тоҷикистон, дар мавзеи Болошаҳри ноҳияи Рашт, таърихи 14 апрел, миёни нерӯҳои давлатӣ ва афроди ношиноси мусаллаҳ даргирӣ ба вуқӯъ пайваст, хабар медиҳад манбаъ дар яке аз мақомотҳои қудратӣ.  «Дар натиҷаи задухурд 3  корманди ВКД ва 1 тан корманди ниҳоди махсус кушта шуданд», иттилоъ дод манбаъ. Ҷангҷӯён аз ҷои ҳодиса ғайб заданд, амалиёти ҷустучӯйи идома дорад афзуд манбаъ.

Ба иттилои як манбаи дигар дар мақомоти қудратӣ, дар натиҷаи бархурд 8 ҷангҷӯ ва ду тан корманди ниҳодҳои давлатӣ ба ҳалокат расиданд.  Маълумоти манобеи ғайрирасмӣ мухталиф буда пайдо кардани иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир, ба «АП» муяссар намешавад.

Дар хусуси оғози амалиёти махсус  алайҳи  ҷангҷӯёни гурӯҳи Мулло Абдулло ба «АП» cубҳи рӯзи панҷшанбе  манобеъ аз иҳотаи  наздикон ва тарафдорони собиқ нерӯҳои мухолифин хабар доданд.  Дар  ВКД ва Вазорати дифоъи Тоҷикистон ин хабарро рад намуда гуфтанд, ки дар қаламрави ноҳияи Нурободи вилояти Рашт машқҳои оперативӣ-тактикии неруҳои қудратии  кишвар, бо истифода аз техникаи ҳарбӣ гузаронда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Теъдоди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар Лаҳистон афзудааст”

Бисёре аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар намехоҳанд дар Русия кор кунанд.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.