Дар шарқи Тоҷикистон боз садои тирпарронӣ баланд шуд

Душанбе. 14 апрел. «Азия-Плюс» – | Нерӯҳои қудратии ҳукумат имрӯз, 14 апрел, дар қишлоқи Самсолиқи ноҳияи Нуробод ба гузарондани амалиёти махсус оғоз карданд, иттилоъ медиҳад манбаъ дар вилояти Рашт. Ба гуфтаи манбаъ, амалиёти вижа субҳи барвақт шурӯъ шуд. Дар амалиёт техникаи ҳарбӣ,аз ҷумла чархболҳо истифода мешаванд. Дар қатори нерӯҳои қудратии ҳукумат дар амалиёт собиқ раҳбари […]

Аваз Юлдошев, Ҳайдар Шодиев

Душанбе. 14 апрел. «Азия-Плюс» – | Нерӯҳои қудратии ҳукумат имрӯз, 14 апрел, дар қишлоқи Самсолиқи ноҳияи Нуробод ба гузарондани амалиёти махсус оғоз карданд, иттилоъ медиҳад манбаъ дар вилояти Рашт.

Ба гуфтаи манбаъ, амалиёти вижа субҳи барвақт шурӯъ шуд. Дар амалиёт техникаи ҳарбӣ,аз ҷумла чархболҳо истифода мешаванд. Дар қатори нерӯҳои қудратии ҳукумат дар амалиёт собиқ раҳбари идораи минтақавии мубориза бо ҷинояти муштараки вилояти Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов ва тарафдоронаш ширкат доранд, хабар дод манбаъ. «Ҳузури Мулло Абдулло дар ноҳия ҳанӯз маълум нест», афзуд ӯ.

Раҳбари дафтари матбуоти ВКД Маҳмадулло Асадуллоев хабари мазкурро рад намуда гуфт, ки дар қаламрави ноҳияи Нурободи вилояти Рашт машқҳои оперативӣ-тактикии воҳидҳои махсус гузаронда мешаванд.

Сардори дафтари матбуоти Вазорати амнияти Тоҷикистон Фариддун Маҳмадалиев низ ин хабарро таъид кард.

Ёдрас мешавем, ки тирамоҳи соли гузашта дар вилояти Рашт амалиёти вижаи боздошти ҷангҷӯёне, ки дар кушта шудани 28 сарбоз ва афсари Вазорати дифоъ муттаҳам мешаванд, гузаронда шуд. Тибқи маълумотҳои расмӣ яке аз ташкилкунандагони ҳамла Аловуддин Давлатов, машҳур чун Али Бедакӣ 4 январи соли гузашта бо як қатор ҳамраҳонаш дастгир ва кушта шуд. Дар қазия инчунин Абдулло Раҳмонов маъруф ба исми Мулло Абдулло муттаҳам дониста мешавад, ки ҳанӯз боздошт нашудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.