Ҷарроҳии пайванди узвҳо дар Тоҷикистон суръат гирифт

Душанбе. 13 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар Тоҷикистон барои гузарондани ҷарроҳии пайвандсозиии узвҳо аз аъзои бадани нафари ҳалокшуда истифода бурда мешавад. Дар ин хусус вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ дар Маркази ҷумҳуриявии пайвандсозии узвҳо ҳар чи бештар ҷарроҳии пайванди гурда гузаронида мешавад, ки дар аксар ҳолат ба […]

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 13 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар Тоҷикистон барои гузарондани ҷарроҳии пайвандсозиии узвҳо аз аъзои бадани нафари ҳалокшуда истифода бурда мешавад. Дар ин хусус вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ дар Маркази ҷумҳуриявии пайвандсозии узвҳо ҳар чи бештар ҷарроҳии пайванди гурда гузаронида мешавад, ки дар аксар ҳолат ба ҳайси донор наздикони бемор баромад мекунанд. Аммо на дар ҳама ҳолат узви бадани наздикон ба бемор мувофиқ меоянд. Аз ин рӯ, мегӯяд вазир, зарурати пеш гирифтани чунин иқдом омад.

«Истифода аз узвҳои бадани нафари ҳалок гашта дар амалиёти пайвандсозӣ дар аксар давлатҳо, аз ҷумла Эрон низ таҷриба шудааст. Агар масъалаи мазкур ҳали худро ёбад узвҳои донорӣ танҳо баъди эъломи марги инсон, ки комисияи махсус муқаррар мекунад, аз ҷасад гирифта мешаванд. Албатта бо ризояти наздикони нафари ҳалокшуда», – афзуд вазир.

Ба иттилои директори Маркази ҷумҳуриявии пайвандсозии узвҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон Ашур Достиев, то имрӯз марказ 8 ҷарроҳии пайванди гурдаро гузарондааст. «Ба ғайр аз ду нафар, дигар бемороне, ки ба онҳо соли 2009 амалиёти пайванди гурда гузаронда шуд, зинда ва сиҳат саломатанд. Дар ҳоли ҳозир ду беморе, ки рӯзҳои наздик ҷарроҳии пайванди гурдаро паси сар карданд, зери назорати табибон қарор доранд. Ба ҳайси донор наздикони бемор баромад карданд», мегӯяд пизишк.

Ба гуфтаи Ашур Достиев боз 10 тан бемор барои гузарондани ҷарроҳии мазкур дар навбатанд. Нақша аст имсол барои нахустин бор ҷарроҳии пайванди ҷигар гузаронда шавад.

Тавре вазири тандурустӣ иброз дошт, арзиши як ҷарроҳии пайванди гурда дар Тоҷикистон 49 ҳаз. сомонӣ (наздики 11 ҳаз. доллар)-ро ташкил медиҳад. «Мо хароҷоти минималиро ҳисоб карда баромадем. Маблағ асосан ба марҳилаи баъди ҷарроҳӣ, ки зарурат ба доруҳои қимматарзиш пайдо мешавад, лозим аст.»

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Теъдоди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар Лаҳистон афзудааст”

Бисёре аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар намехоҳанд дар Русия кор кунанд.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.