БРО: Муҳоҷирон, алюмин ва пахта ба барқарорсозии рушди иқтисоди Тоҷикистон суръат мебахшад

Душанбе. 15 апрел. «Азия-Плюс» – | Бо афзудани ҳаҷми интиқоли маблағ, гароншавии арзиши алюмин ва пахта барқарорсозии иқтисоди Тоҷикистон суръат мегирад, омадааст дар гузориши солонаи Бонки рушди Осиё (БРО). Дар гузориш пешгӯи шудааст, ки болоравии иқтисоди Тоҷикистон имсол 6,8% ва соли 2012  7%- ро ташкил хоҳад дод. Тибқи пешгуии бонк, то охири соли 2011 ҳаҷми […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 15 апрел. «Азия-Плюс» – | Бо афзудани ҳаҷми интиқоли маблағ, гароншавии арзиши алюмин ва пахта барқарорсозии иқтисоди Тоҷикистон суръат мегирад, омадааст дар гузориши солонаи Бонки рушди Осиё (БРО).

Дар гузориш пешгӯи шудааст, ки болоравии иқтисоди Тоҷикистон имсол 6,8% ва соли 2012  7%- ро ташкил хоҳад дод. Тибқи пешгуии бонк, то охири соли 2011 ҳаҷми интиқоли маблағ 7%  зиёд шуда, соли 2012 ба сатҳи пеш аз бӯҳронӣ хоҳад расид.

Дар гузориш инчунин омадааст, ки сатҳи таварум дар Тоҷикистон то охири соли равон ба 10,5% ва соли 2012 ба 9,5% мерасад.

«Ин  метавонад суръати хароҷоти истеъмолӣ ва воридотро нигоҳ дошта ба ин минвол даромади буҷаро дастгирӣ кунад», – иброз дошт намояндаи доимии БРО дар Тоҷикистон Ҷоҷи Токеши.

Ба гуфти иқтисодчии намояндагиии доимии БРО дар ҷумҳурӣ  Қаҳор Аминов, ба кушвар зарур аст инфрасохтор ва бахши хизматрасониро тезонад, фазои тиҷорат ва сармоягузориро беҳтар созад ва инчунин истеҳсолоти хоҷагии қишлоқро ғанӣ гардонад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Теъдоди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар Лаҳистон афзудааст”

Бисёре аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар намехоҳанд дар Русия кор кунанд.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.