Мулло Абдулло дар натиҷаи гузарондани амалиёти махсус кушта шуд

Душанбе. 15 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар натиҷаи гузарондани амалиёти махсус дар шарқи Тоҷикистон Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдулло ва 10 ҷонибдори ӯ  кушта шуданд. Дар ин хусус радиои «Озодӣ» бо такя ба иттилои маркази матбуоти ВКД  хабар медиҳад. Бар тибқи  иттилои манбаъ, тафсилоти бештари амалиёти вижа, ки субҳи 14 апрел дар ҷамоати Самсолиқи […]

Азия-Плюс

Душанбе. 15 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар натиҷаи гузарондани амалиёти махсус дар шарқи Тоҷикистон Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдулло ва 10 ҷонибдори ӯ  кушта шуданд. Дар ин хусус радиои «Озодӣ» бо такя ба иттилои маркази матбуоти ВКД  хабар медиҳад.

Бар тибқи  иттилои манбаъ, тафсилоти бештари амалиёти вижа, ки субҳи 14 апрел дар ҷамоати Самсолиқи ноҳия Нуробод оғоз шуд , тавасути шабакаи телевизиони марказӣ намоиш дода мешавад.

Тавре имруз маълум шуд, дар натиҷаи амалиёти  мазкур 2 корманди ВКД ва нерӯҳои махсуси  Тоҷикистон кушта шуданд.

Мулло Абдулло дар ҳамла ба корвони вазорати дифои Тоҷикистон, рӯзи 19 сентябри соли 2010 муттаҳам дониста мешавад. Дар натиҷаи ин ҳамлаи мусалаҳона  дар дараи  Камароби ноҳияи Рашт 28 афсар ва сарбози тоҷик кушта,  10 тан захмӣ шуданд.

Ба иттилои расмӣ дар ҳамла инчунин Аловуддин Давлатов, мулаққаб ба Алӣ Бедакӣ ва ҷонибдорони ӯ, ки 4 январи соли 2011 кушта шуданд, ширкат доштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...