Душанбе. 28 апрел. «Азия-Плюс» – | Додгоҳи ноҳияи Файзобод Атовулло Рақибов, ҳамсари ӯ Гулру Ибодова (соли таввалуд 1975), ду хоҳараш Моҳлиқо Рақибова (соли таввалудаш 1965) ва Саида Рақибова (соли таввалудаш 1975)- ро ба як соли зиндони шартӣ маҳкум кард. Маҳкумшуда баъди эълони ҳукм дар толори додгоҳ, озод карда шуд.
Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ талаб кард то Рақибовро ба се соли зиндон дар калонияи низомаш шадид ва ҳамсару хоҳаронаш ба як соли зиндони шартӣ маҳкум шаванд.
Атоввуло Рақибов барои авбошӣ яъне шикастани шишаи экскаватор, ки моҳи сентябри соли гузашта барои тахриби манзили зисташ оварда буданд, гунаҳкор дониста мешаванд.
Тавре бародари Атоввуло, Шариф Рақибов ба «АП» хабар дод, ин ҳукмро судяи ноҳияи Файзобод – Моҳби Қурбонова рӯзи 28 апрел эълом кард.
Ба ҳангоми эъломи ҳукм ба А. Рақибов ҳушдор дода шуд, ки дар сурати такрори чунин амал ӯро ба ҷавобгарӣ кашида ба мӯҳлати 3 сол аз озоди маҳрум хоҳанд кард ва зану хоҳаронаш ба як сол зиндони шартӣ маҳкум хоҳанд шуд, мегуяд Шариф Рақибов. «Мо бо қарори додгоҳ қаноатманд ҳастем ва ба хона бар мегардем», – афзуд ӯ.



