Президент дар ҷаласаи навбатии Шӯрои кории Тоҷикистон раиси мекунад

Душанбе. 29 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар қароргоҳи шаҳрии ҳукумати кишвар имрӯз ҷаласаи навбатии ҷашнии Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, бо раисии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузаронда мешавад. Тавре ба «АП» аз ҳукумати кишвар хабар доданд, дар ҷаласаи навбатӣ як қатор масоил марбут ба рушди ҷамиаи шаҳрвандӣ, ҳифзи муколамаи созанда миёни ҳукумату аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятии […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 29 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар қароргоҳи шаҳрии ҳукумати кишвар имрӯз ҷаласаи навбатии ҷашнии Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, бо раисии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузаронда мешавад.

Тавре ба «АП» аз ҳукумати кишвар хабар доданд, дар ҷаласаи навбатӣ як қатор масоил марбут ба рушди ҷамиаи шаҳрвандӣ, ҳифзи муколамаи созанда миёни ҳукумату аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикичтон мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Интизор аст дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии кишвар аз фаъолияти 15 солаи шӯро натиҷагирӣ намуда нақшаҳои минбаъдаи он муайян карда шаванд.

Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон моҳи апрели соли 1996 дар асоси Созишномаи чамъиятӣ, ки 9 марти соли 1996 ба тасвиб расид, таъсис дода шуд.

Ба ҳайати Шӯро намояндагони ҳукумати давлатӣ, зиёиён, ҷамъиятҳои дини ва созмонҳои ҷамъиятии ғайридавлатӣ шомиланд.

Бо нишони эътироз ба натоиҷи расмии интихоботи парлумонии кишвар, ки моҳи феврали соли гузашта дар Тоҷикистон баргузор гаштанд, шӯроҳои сиёсии ҲНИТ ва ҲДТ қарори баромадан аз узвияти Шӯрои ҷамъиятиро карданд.

Аз феҳрасти тамоми ҳизбҳои сиёси танҳо Ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон узвияти ин Шӯроро қабул накардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.