Атовулло Рақибов ба як соли зандони шартӣ маҳкум шуд

Душанбе. 28 апрел. «Азия-Плюс» – | Додгоҳи ноҳияи Файзобод Атовулло Рақибов, ҳамсари ӯ Гулру Ибодова (соли таввалуд 1975), ду хоҳараш Моҳлиқо Рақибова (соли таввалудаш 1965) ва Саида Рақибова (соли таввалудаш 1975)- ро ба як соли зиндони шартӣ маҳкум кард. Маҳкумшуда баъди эълони ҳукм дар толори додгоҳ, озод карда шуд. Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ талаб […]

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 28 апрел. «Азия-Плюс» – | Додгоҳи ноҳияи Файзобод Атовулло Рақибов, ҳамсари ӯ Гулру Ибодова (соли таввалуд 1975), ду хоҳараш Моҳлиқо Рақибова (соли таввалудаш 1965) ва Саида Рақибова (соли таввалудаш 1975)- ро ба як соли зиндони шартӣ маҳкум кард. Маҳкумшуда баъди эълони ҳукм дар толори додгоҳ, озод карда шуд.

Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ талаб кард то Рақибовро ба се соли зиндон дар калонияи низомаш шадид ва ҳамсару хоҳаронаш ба як соли зиндони шартӣ маҳкум шаванд.

Атоввуло Рақибов барои авбошӣ яъне шикастани шишаи экскаватор, ки моҳи сентябри соли гузашта барои тахриби манзили зисташ оварда буданд, гунаҳкор дониста мешаванд.

Тавре бародари Атоввуло, Шариф Рақибов ба «АП» хабар дод, ин ҳукмро судяи ноҳияи Файзобод – Моҳби Қурбонова рӯзи 28 апрел эълом кард.

Ба ҳангоми эъломи ҳукм ба А. Рақибов ҳушдор дода шуд, ки дар сурати такрори чунин амал ӯро ба ҷавобгарӣ кашида ба мӯҳлати 3 сол аз озоди маҳрум хоҳанд кард ва зану хоҳаронаш ба як сол зиндони шартӣ маҳкум хоҳанд шуд, мегуяд Шариф Рақибов. «Мо бо қарори додгоҳ қаноатманд ҳастем ва ба хона бар мегардем», – афзуд ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.