Душанбе. 14 апрел. «Азия-Плюс» – | Вакилони Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Тоҷикистон имрӯз зимни ҷаласаи навбатӣ ислоҳот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноии кишварро қабул карданд.
Мувофиқи ислоҳот вазъи нигаҳдошти маҳбусони абадӣ беҳтар хоҳад шуд.
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров зимни баромади худ дар назди намояндагони халқ қайд кард, ки бо қабули ислоҳот маҳбусони абадӣ ҳуқуқи харидорӣ намудани маводи озуқаро бо пасандозҳои худ, аз мағозаҳои дохили маҳбас, пайдо мекунанд.
«Мувофиқи ин ислоҳот маҳбусон инчунин ҳуқуқ ба вохӯриҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат бо наздиконашон пайдо мекунанд, -зикр намуд вазир.- Илова бар ин ислоҳот ба беҳбуд бахшидани шароити санитарӣ гигиении ин маҳбусон равона карда шудаст».
Сухангӯи парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар навбати худ илова намуд, ки Тоҷикистонро кори ҷиддӣ ва дароз мебояд, то Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноии икшвар тавонад ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад. «Ин иқдоми мусбист, аммо бояд муддати дароз дар болои он кор кунем», иброз дошт сухангӯи парлумон.