БМТ ҷиҳати пешгирии оқибатҳои ногувори болоравии қурби доллар нисбат ба асъори миллӣ тадбир меҷӯяд

Date:


Душанбе. 10-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфт, болоравии қимати доллар боиси нигаронии Бонки миллӣ шуда, ин бонк дар паи андешидани тадбир аст. Шариф Раҳимзода гуфт, Бонки Миллӣ тасмим гирифтааст , ки як миллион доллари нақдро барои коҳиши баҳои он бо қимати 360 сомонӣ барои сад доллар ба фурӯш гузорад.




Ба гуфтаи вай, барои ҷилавгирӣ аз афзоиши қимати доллар Бонки миллӣ бояд ҳар моҳ то 235 миллион доллари нақд ба фурӯш гузорад, вале ҳоло аз чунин имконот бархӯрдор нест. Зеро мизони захираҳои арзии Бонки миллии Тоҷикистон дар як соли ахир аз 350 милллион то ба 198 миллион доллар коҳиш ёфтааст, ки сад миллион аз ин маблағро захираи тило ташкил медиҳад.



Вай гуфт, дар канори коҳиши мизони интиқоли маболиғи муҳоҷирон, ҳамчунин даромад аз ашёи содиротии Тоҷикистон низ бағоят коҳиш ёфтааст. Ба унвони мисол, Шариф Раҳимзода эълом кард, ки тавлиди алюмин ва пахта дар Тоҷикистон дар як соли ахир мутаносибан беш аз 18 ҳазор ва ҳудуди 35 ҳазор тон коҳиш ёфтааст. Гузашта аз ин, қимати ду маводди ёдшуда дар бозорҳои ҷаҳонӣ мутаносибан 50 ва 40 дарсад коҳиш ёфт, ки дар маҷмӯъ ба коҳиши воридоти арзи хориҷӣ ба Тоҷикистон мунҷар шудааст. Танҳо ба ин далел дар чанд моҳи ахир ба Тоҷикистон ҳудуди 120 милллион доллар камтар арзи хориҷӣ ворид шудааст. Дар ин бора радиои Озодӣ хабар медиҳад.



Ёдрас мекунем, ки тайи ҳафтаи ахир дар пойтахти ҷумҳурӣ қурби асъори доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллӣ аз 343 то 370 сомонӣ барои 100 $ боло рафт.





 


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...