spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Гул Шералӣ: «Вазъ он гунае, ки буд, ҳамон гуна боқӣ мемонад»

Душанбе. 22 апрел. «Азия-Плюс» – | Натоиҷи санҷиши иҷтимоӣ-экологии лоиҳаи сохтмони «НБО Роғун» дар ояндаи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад, хабар дод вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, зимни нишасти матбуотӣ, ки 22 апрел дар Душанбе баргузор гашт.

Ба гуфтаи вазир, феълан мутахассисони ширкати швейтсарии Poyry Energy Ltd, ки бо ташхиси лоиҳа сару кор гифритаанд, якчанд пешниҳодоти ҳукумати кишварро баррасӣ доранд.

Баҳои фаннӣ-иқтисодии НБО Роғун авохири моҳи майи соли равон омода мешавад, хабар дод вазир ва афзуд, « мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ баъди ду ҳафта ба Тоҷикистон омада рӯзи дақиқи пешниҳоди натоиҷи санҷишро муайян мекунанд».

Ба иддаои Гул Шералӣ дар раванди лоиҳа тағироте ба амал нахоҳад омад. «Вазъ он тавре, ки буд, ҳамон гуна боқӣ мемонад», изҳор дошт вазир.

Сохтмони НБО Роғун бо иқтидори 3,6 ҳаз. МВт дар рӯди Вахши Тоҷикистон, бо сохтмони сарбанд бо баландии 335 метр ҳанӯз мобайнҳои солҳои 80 уми асри гузашта шуруъ шуд.

Барои сохтмони нерӯгоҳ 2,2 млрд доллар лозим аст ва Тоҷикистон эълон дошт, ки нерӯгоҳи Роғунро мустақилона хоҳад сохт. Барои корҳои барқарорсозӣ дар НБО 800 млн сомонӣ дар буҷаи кишвар ҷудо шудааст.

Соли 2010 ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ  созишнома дар хусуси гузарондани санҷиши байналхалқии лоиҳаи сохтмони НБО Роғун ва ташхиси  таъсири экологии фаъолияти он ба кишварҳои минтақа, ба тасвиб расонданд. Авохири соли 2010 консортсиуми байналхалқӣ бо раҳбарии Coyneet Bellier Consulting Engineers-и Фаронса иҷозаи гузарондани ташхиси техникӣ-иқтисодии лоиҳаро ба даст овард.

Моҳи феврали соли равон  ширкати Poyry Energy Ltd –и Швейтсария дар рафти баргузории тендер ҳуқуқи гузарондани ташхиси экологӣ ва иҷтимоии лоиҳаро ба даст овард.

Тибқи нақша натиҷаи ташхис аввалҳои соли 2012 пешниҳод карда мешавад. Дар ҳоли ҳозир дар Роғун корҳои барқарорсозӣ идома доранд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...