Сардухтури санитарии шаҳри Сарбанд кормандони БДА-ро латукӯб кард

Date:

Қӯрғонтеппа. 25-уми май. «Азия-Плюс» — Сардухтури санитарии шаҳри Сарбанд ба гумони латукӯби кормандони Бозрасии давлатии автомобили вилояти Хатлон боздошт шуд.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муфаттиш оид ба корҳои махсуси мақомоти додситонии вилояти Хатлон иттилоъ дод, сардухтури санитарии шаҳри Сарбанд Кенҷа Ӯрозов дар таърихи 14-уми майи соли ҷорӣ дар посгоҳи Сангтӯда, ки дар роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Данғара воқеъ аст, барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт боздошт гардида буд. «Пас аз тартиб додани санад дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ Ӯрозов бояд аз ташхис мегузашт, вале дар роҳ аз кормандони БДА мутаваққиф сохтани автомашинаро дархост намуда, аз он пиёда мешавад ва сипас ба кормандони БДА Артур Назаров ва Аваз Иброҳимов дарафтода, онҳоро латукӯб ва сарулибоси хидматиашонро пора месозад», – гуфт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, нисбат ба ин аъмоли сардухтури санитарии шаҳри Сарбанд мутобиқи моддаи 328, қисми 1-и КҶ-и ҶТ (Истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. «Пас аз анҷоми тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноӣ он ҷиҳати моҳиятан баррасӣ шудан ба додгоҳ ирсол мегардад», – афзуд сарчашма.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...