Ҳукумат ҷараёни таҳсилоти динии тоҷикон дар хориҷи кишварро танзим мекунад

Душанбе. 25-уми май. «Азия-Плюс» — Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияи динӣ»-ро пазируфтанд. Зимни суханронӣ дар назди намояндагони мардумӣ раиси Кумитаи дини назди ҳукумати кишвар Абдураҳим Холиқов иброз дошт, ки ҳадаф аз ворид намудани тағйирот ба қонуни мазкур танзими ҷараёни ба […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 25-уми май. «Азия-Плюс» — Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияи динӣ»-ро пазируфтанд.

Зимни суханронӣ дар назди намояндагони мардумӣ раиси Кумитаи дини назди ҳукумати кишвар Абдураҳим Холиқов иброз дошт, ки ҳадаф аз ворид намудани тағйирот ба қонуни мазкур танзими ҷараёни ба таҳсилоти динӣ фаро гирифта шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар буда, мутобиқи тағйироти пешниҳодшуда, аз ин ба баъд шаҳрвандони Тоҷикистон ба гирифтани маълумоти динӣ дар хориҷи кишвар танҳо баъд аз гирифтани маълумоти ибтидоӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ва мувофиқи иҷозатномаи Вазорати маориф ва Кумитаи дин ҳуқуқ доранд.

Намояндаи мардумӣ Давлаталӣ Давлатзода дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аслан пайравони равияи суннианд, вале чанде аз шаҳрвандон зимни таҳсил дар хориҷи ҷумҳурӣ мутобиқи равияҳои дигар таълим дода мешаванд, ки ин метавонад ба низоъу мухолифат дар шарҳи баъзе рукнҳои ислом оварда расонад. «Акнун давлат дар куҷо ва чӣ гуна маълумоти динӣ  гирифтани шаҳрванди Тоҷикистонро танзим хоҳад кард, ки он ба рафъи мухолифат миёни рӯҳониён ва умуман ҷомеа мусоидат менамояд», – гуфт ӯ.

Зимни посух ба суоли раиси палатаи поёнии парлумон дар хусуси шумораи муассисаҳои таълимии динӣ дар кишвар ва имкони дубора ба таҳсил фаро гирифтани донишҷӯёни ба ватан баргашта, Холиқов таъкид сохт, ки айни замон имконоти Тоҷикистон дар ин самт кофӣ аст. «Феълан дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ҳудуди 1,5 ҳазор нафар донишҷӯён ва дар 19 мадрасаву як гимназияи динӣ ва ду мактаби равияи диниву дунявӣ ҳудуди 6 ҳазор толибилмон ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд», – афзуд раиси Кумитаи дини ҷумҳурӣ.

Намояндагони палатаи поёнии парлумон бидуни баррасӣ тағйирот ба қонуни мазкурро маъқул шумориданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.