Сардухтури санитарии шаҳри Сарбанд кормандони БДА-ро латукӯб кард

Қӯрғонтеппа. 25-уми май. «Азия-Плюс» — Сардухтури санитарии шаҳри Сарбанд ба гумони латукӯби кормандони Бозрасии давлатии автомобили вилояти Хатлон боздошт шуд. Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муфаттиш оид ба корҳои махсуси мақомоти додситонии вилояти Хатлон иттилоъ дод, сардухтури санитарии шаҳри Сарбанд Кенҷа Ӯрозов дар таърихи 14-уми майи соли ҷорӣ дар посгоҳи Сангтӯда, ки дар роҳи мошингарди […]

Сайраҳмон Назриев

Қӯрғонтеппа. 25-уми май. «Азия-Плюс» — Сардухтури санитарии шаҳри Сарбанд ба гумони латукӯби кормандони Бозрасии давлатии автомобили вилояти Хатлон боздошт шуд.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муфаттиш оид ба корҳои махсуси мақомоти додситонии вилояти Хатлон иттилоъ дод, сардухтури санитарии шаҳри Сарбанд Кенҷа Ӯрозов дар таърихи 14-уми майи соли ҷорӣ дар посгоҳи Сангтӯда, ки дар роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Данғара воқеъ аст, барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт боздошт гардида буд. «Пас аз тартиб додани санад дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ Ӯрозов бояд аз ташхис мегузашт, вале дар роҳ аз кормандони БДА мутаваққиф сохтани автомашинаро дархост намуда, аз он пиёда мешавад ва сипас ба кормандони БДА Артур Назаров ва Аваз Иброҳимов дарафтода, онҳоро латукӯб ва сарулибоси хидматиашонро пора месозад», – гуфт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, нисбат ба ин аъмоли сардухтури санитарии шаҳри Сарбанд мутобиқи моддаи 328, қисми 1-и КҶ-и ҶТ (Истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. «Пас аз анҷоми тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноӣ он ҷиҳати моҳиятан баррасӣ шудан ба додгоҳ ирсол мегардад», – афзуд сарчашма.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.