Дар Суғд як миқдор маводи ғизоии арзишаш 25 ҳазор $ нобуд карда шуд

Хуҷанд. 25-уми май. «Азия-Плюс» — Дар ахлотпартои шаҳри Хуҷанд як миқдор маводи ғизоии арзиши умумиаш 115 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 25 ҳазор $), ки мӯҳлати истифодаашон гузашта буд, нобуд карда шуд. Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд хабар доданд, ин миқдор маводи ғизоии нобудшуда аз 56 ҳазор […]

Бахтиёр Валиев

Хуҷанд. 25-уми май. «Азия-Плюс» — Дар ахлотпартои шаҳри Хуҷанд як миқдор маводи ғизоии арзиши умумиаш 115 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 25 ҳазор $), ки мӯҳлати истифодаашон гузашта буд, нобуд карда шуд.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд хабар доданд, ин миқдор маводи ғизоии нобудшуда аз 56 ҳазор адад консервахои моҳигӣ ва 1400 қуттӣ маснӯъоти қаннодӣ иборат буда, пас аз ташхис маълум шудааст, ки он корношоям буда, сифати паст дорад ва барои саломатии инсон зарарнок аст. «Мӯҳлати истифодаи ин миқдор маводи ғизоӣ ҳашт моҳ пеш ба охир расида буд», – гуфтанд дар марказ.

Ба иттилои манбаъ, тамоми маводи ғизоӣ дар ҳузури комиссияи махсуси иборат аз эпидемиолог, байтор, эколог ва гумрукчӣ нобуд карда шудааст. «Ба Марказ ва ҳамчунин телефони боварии он ҳамаи хоҳишмандон бо пешниҳодоти беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ, сифати молҳо ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон муроҷиат карда метавонанд», – афзуд сарчашма.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.