Мусодираи беш аз 120 кило маводи мухаддир дар зарфи як шабонарӯз

Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» — | Шабонарӯзи гузашта кормандони вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ беш аз 120 кило маводи мухаддирро дарёфт ва мусодира намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар таърихи 25уми май кормандони мақомот дар шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти гайриқонунии маводи мухаддир автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра»-ро […]

Наргис Ҳамрооева

Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» — | Шабонарӯзи гузашта кормандони вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ беш аз 120 кило маводи мухаддирро дарёфт ва мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар таърихи 25уми май кормандони мақомот дар шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти гайриқонунии маводи мухаддир автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра»-ро таҳти идораи шаҳрванд М.Б.-и 39 сола боздошт карда, зимни кофтуков аз дохили он беш аз 45 кило маводи мухаддири навъи ҳашишро дарёфт ва мусодира мекунанд. «Дар ҷараёни тафтишоти минбаъда маълум шуд, ки ронанда ин миқдор маводи нашъаоварро аз шаҳрванд А.К.-и 32 сола харидааст», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ,  худи ҳамон рӯз дар вилояти Суғд – шаҳри Чкаловск 73 кило ҳашиш, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – 10 кило ҳашиш ва дар шаҳри Қайрокқум – зиёда аз 9 кило ҳашиш ва 13,4 кило бангдона дарёфт ва мусодира карда шудааст. «Ғайр аз ин, каме дуртар аз пойтахт як зани 45-сола, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Д.Н. бо 3 кило маводи сахттаъсири героин дастгир карда шуд», – афзуд сарчашма.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ҳамаи далелҳои зикршуда парвандаҳои ҷиноӣ боз гардида, боздоштшудагон ба ҳабс гирифта шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.