Маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар арафаи анҷомёбист

Душанбе. 27-уми май. «Азия-Плюс» — | Маъракаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ рӯзҳои наздик пурра анҷом меёбад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадалиев иттилоъ дод, нақшаи даъват дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ дар арафаи анҷомёбӣ буда, вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев ба […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 27-уми май. «Азия-Плюс» — | Маъракаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ рӯзҳои наздик пурра анҷом меёбад.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадалиев иттилоъ дод, нақшаи даъват дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ дар арафаи анҷомёбӣ буда, вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев ба унвони роҳбарони шаҳру навоҳие, ки пеш аз мӯҳлат иҷрои нақшаро таъмин намуданд, номаи сипос ирсол кардааст. «Бино ба маълумоти Раёсати Тадорукоту сафарбарии вазорат, ҳудуди 60%-и даъватшудагони маъракаи мазкур ба таври ихтиёрӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҳозир шуданд», – таъкид кард ӯ.

Ёдрас мекунем, ки маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати хатмӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ санаи 1-уми апрел оғоз ёфта, то 31-уми май идома хоҳад ёфт. Барои ташкили маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмат дар сатҳи зарурӣ дар кишвар таҳти сарварии муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова ситоди ҳукуматӣ таъсис дода шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати мудофиаи кишвар, ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати харбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷират қарор доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.