Дар таваллудхонаи рақами 1-и шаҳри Душанбе модар кӯдаки навзодашро ба ивази 200 $ фурӯхт

Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон як зани ҷавон – сокини шаҳри Душанберо ҳангоми кӯшиши фурӯши кӯдаки навзодаш боздошт карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи вазорати умури дохилаи кишвар – Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, кормандони раёсат дар таваллудхонаи рақами 1-и шаҳри Душанбе модари тифли навзод Фарзона Хоҷаеваи […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон як зани ҷавон – сокини шаҳри Душанберо ҳангоми кӯшиши фурӯши кӯдаки навзодаш боздошт карданд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи вазорати умури дохилаи кишвар – Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, кормандони раёсат дар таваллудхонаи рақами 1-и шаҳри Душанбе модари тифли навзод Фарзона Хоҷаеваи 24-соларо ҳангоме ки вай писарашро бар ивази 200 доллар ба шаҳрванд Шаҳло Маликоваи 32-сола мефурӯхт, дастгир намуданд.



«Аз рӯи ин далел нисбат ба ҳарду зан парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст», – гуфт Асадуллоев ва афзуд, ки кӯдаки навзод барои нигоҳубин ба дасти хешовандон супорида шудааст.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.