Душанбе. 7-уми январ ОИ «Азия-Плюс» – Қазоқистон аз ҳисоби қарзи худ дар назди Тоҷикистон ба маблағи 12 млн. $ ба ҷумҳурии мо ба маблағи 5 млн. $ гандум, 4 млн. $ сӯзишвории дизелӣ ва 3 млн. $ сӯзишвории мазут мефиристад. Дар ин бора аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд.
Лозим ба ёдоварист, ки тавофуқ оид ба пардохти қарз зимни мулоқоти сарони кишварҳои Қазоқистону Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи нишасти ғайрирасмӣ дар Қазоқистон ҳосил шуд.
Дар ҳамин ҳол, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик» Рашид Гулов зимни шарҳи масъалаи номбурда изҳор дошт, ки қарзи мазкур солҳои 90-уми асри гузашта зимни шартномаи муштарак миёни ширкатҳои «Казахэнерго» ва «Барқи тоҷик» ба вуҷуд омадааст, зеро тӯли ин солҳо Тоҷикистон ба Қазоқистон нерӯи барқ содирот мекард. «Сабаби ба дарозо кашидани масъалаи пардохти қарзи мазкур дар он аст, ки феълан ширкати «Казахэнерго» танҳо дар коғаз вуҷуд дораду халос ва ахиран ҳукумати Қазоқистон ин қарзро эътироф карда, тасмим гирифт, ки аз ҳисоби қарз ба кишвари мо гандум ва сӯзишворӣ мефиристад», – гуфт ӯ ва изҳори боварӣ намуд, ки маҳсулот аввали соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ ворид хоҳад гашт.


