Қазоқистон қарзи ширкати аз фаъолият бозмондаи «Казахэнерго»-ро ба маблағи 12 млн. $ ба Тоҷикистон пардохт мекунад

Душанбе. 7-уми январ ОИ «Азия-Плюс» – Қазоқистон аз ҳисоби қарзи худ дар назди Тоҷикистон ба маблағи 12 млн. $ ба ҷумҳурии мо ба маблағи 5 млн. $ гандум, 4 млн. $ сӯзишвории дизелӣ ва 3 млн. $ сӯзишвории мазут мефиристад. Дар ин бора аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд. Лозим ба ёдоварист, […]

Виктория Наумова


Душанбе. 7-уми январ ОИ «Азия-Плюс» – Қазоқистон аз ҳисоби қарзи худ дар назди Тоҷикистон ба маблағи 12 млн. $ ба ҷумҳурии мо ба маблағи 5 млн. $ гандум, 4 млн. $ сӯзишвории дизелӣ ва 3 млн. $ сӯзишвории мазут мефиристад. Дар ин бора аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд.




Лозим ба ёдоварист, ки тавофуқ оид ба пардохти қарз зимни мулоқоти сарони кишварҳои Қазоқистону Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи нишасти ғайрирасмӣ дар Қазоқистон ҳосил шуд.



Дар ҳамин ҳол, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик» Рашид Гулов зимни шарҳи масъалаи номбурда изҳор дошт, ки қарзи мазкур солҳои 90-уми асри гузашта зимни шартномаи муштарак миёни ширкатҳои «Казахэнерго» ва «Барқи тоҷик» ба вуҷуд омадааст, зеро тӯли ин солҳо Тоҷикистон ба Қазоқистон нерӯи барқ содирот мекард. «Сабаби ба дарозо кашидани масъалаи пардохти қарзи мазкур дар он аст, ки феълан ширкати «Казахэнерго» танҳо дар коғаз вуҷуд дораду халос ва ахиран ҳукумати Қазоқистон ин қарзро эътироф карда, тасмим гирифт, ки аз ҳисоби қарз ба кишвари мо гандум ва сӯзишворӣ мефиристад», – гуфт ӯ ва изҳори боварӣ намуд, ки маҳсулот аввали соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ ворид хоҳад гашт.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.