Сарвари давлат бо сафирони Амрикову Покистон мулоқот орост

Душанбе. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кен Гроссро ба ҳузур пазируфт.  Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.  Гуфтугўи судманд, ҳамчунин доир ба масоили минтақавию байналмилалӣ, авзои кунунии Афғонистон, мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёт ва […]

Asia-Plus

Душанбе. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кен Гроссро ба ҳузур пазируфт.

 Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.

 Гуфтугўи судманд, ҳамчунин доир ба масоили минтақавию байналмилалӣ, авзои кунунии Афғонистон, мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар ин кишвар, таҳкими ҳифзи сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Холид Усмон Қайсарро бинобар сабаби анҷом ёфтани мўҳлати фаъолияти дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.

 Дар мулоқот доир ба масоили кунунӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистону Покистон гуфтугў сурат гирифт.

 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба  фаъолияти сесолаи Холид Усмон Қайсар ба ҳайси сафири Покистон дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки корҳои дар ин муддат оғозёфта ба анҷоми мантиқии худ расонда мешаванд.

 Бо ишора ба имкону захираҳои фаровон ба густариши бесобиқаи ҳамкории судманди дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, илму фарҳанг ва муборизаи муштарак бо хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир изҳори боварӣ карда шуд.

 Гуфтугўи судманд, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Покистону Афғонистон ва чорҷонибаи Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Русия сурат гирифт. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамоиши сеюми сарони давлатҳои Чоргонаи Душанбе – Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Русия, ки моҳи сентябри соли равон дар Тоҷикистон баргузор мегардад, ба ин раванд такони ҷиддӣ мебахшад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.