Вохӯрии намояндагони мақомоти қудратии Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара

Исфара/Хуҷанд. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар мулоқоти кории мақомоти раҳбарии Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд бо ҳамтоҳои худ аз вилояти Ботканди Қирғизистон, ки дар ноҳияи Исафара баргузор шуд, масоили дарёфт ва рафъи сабабҳои низоъу мухолифат дар минтақаи наздимарзӣ, ҳамоҳангсозӣ ва такмили ҳамкориҳои дуҷонибаи шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои наздимарзии ҳарду ҷониб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. […]

Саҳбон Қурбонов

Исфара/Хуҷанд. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар мулоқоти кории мақомоти раҳбарии Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд бо ҳамтоҳои худ аз вилояти Ботканди Қирғизистон, ки дар ноҳияи Исафара баргузор шуд, масоили дарёфт ва рафъи сабабҳои низоъу мухолифат дар минтақаи наздимарзӣ, ҳамоҳангсозӣ ва такмили ҳамкориҳои дуҷонибаи шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои наздимарзии ҳарду ҷониб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд Фирӯз Боқӣ хабар дод, мулоқоти мазкур бо ташаббуси мақомоти раҳбарии РКД-и вилояти Суғд барпо шуда, миёни иштирокчиёни он атрофи масъалаҳои даст ёфтан ба самаранокии ҳамкориҳои мутақобилаи кормандони милисаи ҷонибҳо дар пешгирии низоъу қонуншиканӣ дар марз, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ ва таъмини сулҳу субот дар минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон табодули афкори муфассалу судманд сурат гирифт.

Дар назди ҳозирин андешаҳои худро оид ба ин масъалаҳо роҳбарони Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд Шариф Назаров ва вилояти Ботканди Қирғизистогн Ҷениш Раззоқов ва ҳамчунин муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон Курсан Асанов иброз доштанд.

Зимни суханронӣ сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд Шариф Назаров изҳор дошт, ки баргузории вохӯрии мазкур гувоҳи он аст, ки ҷонибҳо дар мубориза алайҳи ҷинояткориву қонуншиканӣ нияти устувор дошта, минбаъд ба дарёфти роҳҳои қобили қабули ҳалли мушкилот кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.