Бетартибиҳои навбатии мухлисони футбол дар Душанбе

Душанбе. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | Пас аз анҷоми вохӯриии дастаҳои футболи лигаи олии мамлакат – «ССКА-Помир» (Душанбе) ва «Равшан» (Кӯлоб) дар шаҳри Душанбе, ки бо ҳисоби 1 ба 3 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт, мухлисон ба беназмиву бетартибҳои оммавӣ даст заданд. Баъди анҷоми вохӯрӣ дар варзишоҳи дастаи «ССКА-Помир» (Политехникум) садҳо нафар аз мухлисон тавассути […]

Asia-Plus

Душанбе. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | Пас аз анҷоми вохӯриии дастаҳои футболи лигаи олии мамлакат – «ССКА-Помир» (Душанбе) ва «Равшан» (Кӯлоб) дар шаҳри Душанбе, ки бо ҳисоби 1 ба 3 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт, мухлисон ба беназмиву бетартибҳои оммавӣ даст заданд.

Баъди анҷоми вохӯрӣ дар варзишоҳи дастаи «ССКА-Помир» (Политехникум) садҳо нафар аз мухлисон тавассути кӯчаҳои Ҷомиву Борбад ба маркази шахр раҳсипор шуданд.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» шоҳидони ҳодиса хабар доданд, мухлисон дар роҳ ба шикастани шишаҳои автомашинаҳо ва сангпартоӣ ба манзилҳои гирду атроф оғоз кардаанд. «Кормандони милиса дар якчанд ҷой кӯшиш карданд, ки издиҳомро боздошта, пароканда кунанд, вале ин ба онҳо то расидани қувваҳои иловагӣ даст надод», – мегӯяд яке аз шоҳидони воқеъа.

Танҳо бо расидани нерӯҳои иловагии Вазорати корҳои дохилӣ муяссар шуд, ки издиҳом боздошта шавад. Даҳҳо нафар роҳи гурезро пеш гирифта, даҳҳо нафари дигар боздошт шуданд.

Бар асари муқобилати мухлисон шишаҳои тирезаи яке аз автомашинаҳои «Газел»-и кормандони милиса пора гардид.

Тибқи баъзе маълумот, пас аз анҷоми амалиёт вазири корҳои дохилии кишвар Абдураҳим Қаҳҳоров ба ҷойи ҳодиса рафтааст.

Дар ҳамин ҳол, то ҳанӯз намояндагони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз шарҳи расмии ҷузъиёти ҳодисаи мазкур худдорӣ мекунанд

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар вохӯрии дастаи «Равшан» бо тими «Истиқлол»-и Душанбе дар Кӯлоб низ бетартибиҳои оммавӣ ба вуқӯъ пайваста буданд. Шоми 14-уми июн пас аз анҷоми вохӯрии дастахои футболи «Равшан» ва «Истиқлол» дар шаҳри Кӯлоб як гурӯҳи иборат аз 100 нафар мухлисон дар кӯчаи 1-уми Май ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ оғоз намуда, кормандони милисаро ҳақорату дашном ва ба сӯйи онҳо сангпартоӣ карданд. Сарфи назар аз огоҳии кормандони милиса, онҳо ба аъмоли авбошонаи худ идома доданд. Барои пароканда сохтани онҳо кормандони милисаро лозим омад, ки аз воситаи махсус – бастаҳои тарканда истифода кунанд, аммо бо ин ҳам авбошон ором нагардида, муддати 30 дақиқаи дигар ба шикастану оинаву харобсозии автомашинаҳои назди варзишгоҳ гуошташуда пардохтанд. Дар маҷмӯъ, бар асари ин бетартибиҳо 16 тан ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона мунтақил шуданд ва 13 нафари онҳо пас аз расонидани кӯмаки аввали тиббӣ ба хонаҳояшон раҳсипор гардида, 3 тан аз ҷароҳат бардоштагон дар беморхона бистарӣ шуданд. Аз рӯйи ин далел 14 нафар аз ҷониби мақомот боздошт шуданд.


Дар акс: Мухлисони дастаи «Равшан» дар варзишгоҳи Кӯлоб

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.