Суғд: Боздошти шаҳрванди Қирғизистон бо ҳудуди 10 кило ҳашиш

Хуҷанд. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар вилояти Суғд як шаҳрванди Қирғизистон бо ҳудуди 10 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш боздошт шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилоят хабар доданд, зимни баргузории корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар роҳи мошингарди Саидқӯрғон-Оқтеппаи ноҳияи Спитамен ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини деҳаи Қӯрғани […]

Мавлуда Рафиева

Хуҷанд. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар вилояти Суғд як шаҳрванди Қирғизистон бо ҳудуди 10 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилоят хабар доданд, зимни баргузории корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар роҳи мошингарди Саидқӯрғон-Оқтеппаи ноҳияи Спитамен ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини деҳаи Қӯрғани ноҳияи Лайлаки Қирғизистон Сайдулло Сангинов боздошт шудааст. «Зимни кофтукови борахалтаи ӯ аз дохили он 10 бастаи дорои маводи мухаддири ҳашиш, ки вазни умумиаш 9 килову 130 граммро ташкил дод, дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфтанд дар раёсат.

Зикр гардид, ки дар робита ба ин қазия нисбат ба аъмоли шаҳрванди Қирғизистон мутобиқи моддаи 200, қисми 4-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари вилояти Суғд, дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ҳамаи сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақаи шимоли кишвар аз гардиши ғайриқонунӣ 338 кило маводи мухаддир (дар ҳамин давраи соли 2010 – 98 кило) дарёфт ва мусодира шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.